Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд

Февраль 13, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти мавсими футзал-2025 баргузор шуд. Дар он фаъолияти Суперлигаи Тоҷикистон натиҷагирӣ гардида, беҳтарин бозигарон, мураббиён ва ғолибони ҷоизаҳои инфиродӣ муайян карда шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷоизаи асосии мавсим ба капитани дастаи «Сипар»-и Хуҷанд Иқбол Воситзода тақдим гардид, ки беҳтарин бозигари Суперлига-2025 номида шуд.

Унвони беҳтарин мураббиро Пайрав Воҳидов соҳиб шуд, ки таҳти роҳбарии ӯ «Соро компания» дар Суперлигаи Тоҷикистон ва Суперҷом ғолиб омад.

Ғолибон дар дигар категорияҳои инфиродӣ низ дар ин маросим эълон шуданд.

Ғайр аз ин дастаи рамзии Суперлигаи Тоҷикистон-2025 муаррифӣ карда шуд. Сарпарастон, шарикон ва онҳое, ки дар рушд ва оммавияти футзал дар мамлакат саҳми назаррас гузоштаанд, бо ҷоиза ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

АКС: Федератсияи футбол Тоҷикистон

Февраль 13, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад