Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид

Февраль 20, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об байни Вазорати энергетика ва захираҳои  оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ), Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон итттилоъ медиҳад.

Ин санад бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об, омода намудани мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷавонон ба ихтисосҳои таъмин ва истифодаи об, инчунин фароҳам овардани шароит барои таҷрибаи амалӣ ва ҳамкории мустақими донишҷӯён бо корфармоён ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ  дар доираи татбиқи самараноки «Барномаи ҷалби ҷавонон ба соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» амалӣ карда мешавад. Барнома ҳамчун қисми таркибии лоиҳаи «Сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, ба роҳ монда шудааст.

Ҳадафи асосии барнома фароҳам овардани заминаи мусоид барои омодасозии кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани маърифати касбӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар рушди инфрасохтори обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ мебошад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 20, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд