Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад

Февраль 8, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 08.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10–11 феврали соли 2026 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардида, дар он беҳтарин паҳлавонони мамлакат аз минтақаҳои гуногун иштирок менамоянд. Дар ин чемпионат паҳлавонон барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ва роҳхат ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки ғолибони мусобиқа ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки тирамоҳи соли равон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ иштирок намоянд.

Бо мақсади рушди гӯштингирӣ байни наврасон ва кашфи истеъдодҳои ҷавон 12–13 феврали соли 2026 дар ҳамин маҷмааи варзишӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни наврасон баргузор мегардад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 8, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд