Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мавқеи хос дорад. Зеро Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, неруи таъминкунандаи амнияту субот ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ин матлаб имрӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҳамоиш баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод иброз намуд, ки рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ имконият медиҳад, ки ҷомеа ба хизматҳои низомиён эҳтиром гузорад ва қаҳрамониҳои онҳоро қадр намояд. Зеро Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими субот ва амнияти миллӣ нақши муҳим мебозад. Бо иштироки онҳо бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории фаромиллӣ мубориза бурда мешавад.
Ҳамчунин иброз гардид, ки Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи қудрати миллӣ, ифтихор ва садоқат ба Ватан мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимоди давлат, кафили субот ва ҳаёти осоиштаи мардум боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди мамлакат бояд хизматҳои низомиёнро қадр намуда, дар рушди Артиши миллӣ саҳм гузорад.
АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад






