Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар моҳи январи соли 2026 ва ҷараёни иҷрои супоришҳои додаи комиссияи кории доимамалкунанда аз 13 ноябри соли 2025 оид ба истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои филиали «Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вобаста ба иҷрои супоришҳое, ки қаблан дар ҷаласаи комиссияи корӣ оид ба бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти филиали Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ошкоргардида дода шуда буд, гузориши муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода ва директори Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сорбон Холмуҳаммадзода шунида шуд.
Ҳамчунин вобаста ба вазъи воқеии зеристгоҳҳои барқӣ омилҳои асосии афзоиши талафоти неруи барқ, нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ, қарздорӣ, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ва аз меъёри муқарраргардида зиёд истифода бурдани неруи барқ таҳлил гардид.
Гуфта шуд, ки талафоти неруи барқ бештар дар шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Варзоб, Ёвон ва Рӯдакӣ ба назар мерасад, ки аз меъёр зиёд мебошад.
Таъкид шуд, ки нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқ ва муовинони онҳо, нозир ва назоратчиёне, ки аз уҳдаи вазифа намебароянд, тадбирҳои зарурӣ андешида, аз кор озод карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ, паст кардани талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ва Котиби Шурои амният бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода комиссияи кории доимамалкунанда таъсис дода шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






