Дар Берлин нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 феврал дар шаҳри Берлин нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати мамлакат таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вазирони корҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин рушди ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гуманитарӣ, муҳоҷират ва амният дар доираи қолаби «С5+1» ибрози андеша карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки Тоҷикистону Олмон ҳамкории судмандро дар соҳаҳои иқтисод, сармоя, энергетика, саноат, маориф, илму фарҳанг, бахусус робитаҳои байнимардумӣ таҳким мебахшанд. Иброз гардид, ки нишасти мазкур бозгӯи иродаи муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон барои рушди устувори минтақа мебошад.
Аҳамияти талошҳо дар самти пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, пешбурди рӯзномаи обу иқлим, муколамаи байнифарҳангӣ, муқовимат бар зидди таҳдидҳои замони муосир, инчунин саҳми назарраси Тоҷикистон дар таъмини сулҳу суботи минтақа таъкид гардид.
Дар ин робита, Вазири корҳои хориҷӣ ба зарурати ҳамкории байналмилалӣ доир ба масъалаҳои гуфташуда ишора карда, аз ҳозирин барои иштирок дар Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028, ки баргузории он аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, даъват ба амал овард.
Дар анҷоми вохӯрӣ вазирон Баёнияи муштарак қабул намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд






