Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид

Февраль 21, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи ҳомиёни Ватан ва тарғиби арзишҳои ватандӯстӣ дар байни кормандону омӯзгорон мебошад.

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода изҳор намуд, ки таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият маҳсуб шуда, нақши он дар ҳифзи амният, субот ва тамомияти арзии мамлакат назаррас мебошад. Ҳамзамон саҳми хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳифзи дастовардҳои давлатӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи шаҳрвандон баланд арзёбӣ карда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ як зумра кормандон барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ бо «Сипоснома»-и донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин аз ҷониби омӯзгорзанони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Нақшофариҳои саҳнавӣ, қироати шеърҳо ва иҷрои сурудҳои ватандӯстона ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хосса бахшида, боиси болидаруҳии иштирокчиён гардид.

Меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоиш ҳамзамон бо намоиши дастовардҳои илмӣ ва Осорхонаи таърихии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ ба меҳмонон саҳифаҳои муҳими таърихи таъсис, рушд ва такомули донишгоҳ муаррифӣ гардида, оид ба дастовардҳои илмиву таълимӣ, фаъолияти олимону устодони шинохта ва саҳми муассиса дар тарбияи кадрҳои баландихтисос маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Меҳмонон бо намунаи ҳуҷҷатҳои нодир, аксҳои таърихӣ, осори илмӣ ва дигар нигораҳои арзишманди осорхона шинос шуданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Февраль 21, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид