Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба мавсими нав Лигаи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои намояндагони дастаҳои футболи мамлакат дар мавзуи ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулияти махсус баргузор кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар машғулият намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон ва федератсияҳои минтақавӣ низ иштирок карданд.
Машғулиятро мутахассиси байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи варзишӣ Ҳамид Некдастӣ (Эрон), ки таҷрибаи васеи кор бо дастаҳои футбол ва ташкилоти варзиширо дорад, гузаронид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ ва салоҳияти идоракунии дастаҳои футбол, инчунин такмили дониши мутахассисон дар бораи татбиқи қоидаҳо ва муқаррароти ташкилоти байналмилалии футбол мебошад.
Дар машғулият масъалаҳои ҷорӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ, механизми ҳалли баҳсҳо, риояи ҳуқуқҳои байналмилалӣ, назорати молиявӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ карда шуданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






