Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
РОҒУН, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба муносибати 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии Гвардия миллӣ, воқеъ дар шаҳри Роғун вохӯрии судманд доир гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун хабар доданд.
Раиси шаҳри Роғун Сунатулло Саидзода иброз дошт, ки «дар нахустин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҳифз ва таҳкими он бе сохтори низомӣ ғайриимкон буд. Аз ин рӯ, дар баробари ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ташкили Артиши миллӣ ба рукни муҳим ва ҳатмӣ табдил ёфт. Бо гузашти 33 сол метавон бо итминон гуфт, ки имрӯз Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди Ватан ва ҳимоятгари Истиқлолияти давлатӣ мақому ҷойгоҳи шоиста пайдо кардааст».
Дар ҳамоиш аз ҷониби намояндаи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба сарбозону афсарон китобҳои бадеӣ туҳфа карда шуда, инчунин барои сарбозону афсарон дастурхони идона ороста шуд.
Ёдовар мешавем, ки ба ифтихори 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Роғун чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва фарҳангию маърифатӣ баргузор гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






