Дар канори шоҳроҳи мошингарди Данғара–Душанбе беш аз 4000 бех ниҳол шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва гурӯҳи мутахассисону фаъолон дар канори шоҳроҳи мошингарди Данғара–Душанбе беш аз 4000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни ниҳолшинонӣ ва суҳбат бо сокинон оид ба аҳаммияти иқдоми мазкур дар беҳтарсозии муҳити зист, зебоии маҳал ва афзоиши масоҳати сабзазор сухан гуфтанд. Таъкид карда шуд, ки раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонида таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад, то нашъунамои босифати онҳо таъмин гардад.
Тибқи нақшаи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар вилояти Хатлон соли 2026 шинонидани 600 ҳазор бех дарахтони ороишӣ, сояафкан, ҳамешасабз ва мевадиҳанда ва 9 миллиону 95 ҳазору 140 дона гулу буттаҳо пешбинӣ гардидааст.
Ниҳолшинонӣ аз ҷумлаи амалҳои неку созанда буда, ҳамчун анъанаи нек аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин рӯ, дар вилояти Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба иди сарсабзу хуррамгардонӣ табдил ёфта, сокинон дар сабзгардонии талу теппаҳо фаъолона саҳм мегузоранд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёдкорӣ, ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ вусъат ёфта, барои ободу зебо гардонидани ҳар деҳа, маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои муассир амалӣ гардонида мешаванд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд






