Дар канори шоҳроҳи мошингарди Данғара–Душанбе беш аз 4000 бех ниҳол шинонида шуд

Февраль 14, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи  татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти  Хатлон  ва гурӯҳи мутахассисону фаъолон дар канори шоҳроҳи мошингарди Данғара–Душанбе  беш аз 4000 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу сояафкан  шинонида шуд. Дар ин  хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. 

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни ниҳолшинонӣ ва суҳбат бо сокинон оид ба  аҳаммияти иқдоми мазкур дар беҳтарсозии муҳити зист, зебоии маҳал ва афзоиши масоҳати сабзазор сухан гуфтанд. Таъкид карда шуд, ки раванди нигоҳубини ниҳолҳои шинонида таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода шавад, то нашъунамои босифати онҳо таъмин гардад.

Тибқи нақшаи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2040» дар вилояти Хатлон соли  2026 шинонидани 600 ҳазор бех дарахтони ороишӣ, сояафкан, ҳамешасабз ва мевадиҳанда ва  9 миллиону 95 ҳазору  140 дона гулу буттаҳо пешбинӣ гардидааст.

Ниҳолшинонӣ аз ҷумлаи амалҳои неку созанда буда, ҳамчун анъанаи нек аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин рӯ, дар вилояти Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба иди сарсабзу хуррамгардонӣ табдил ёфта, сокинон дар сабзгардонии талу теппаҳо фаъолона саҳм мегузоранд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёдкорӣ, ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ вусъат ёфта, барои ободу зебо гардонидани ҳар деҳа, маҳалла ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои муассир амалӣ гардонида мешаванд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 14, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд