Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таъсиси корхонаҳои нав зимни шиносоии сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» хабар медиҳад, роҳбарияти минтақа меҳмононро бо имконоти мавҷудаи сармоягузорӣ, имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, инфрасохтори ташаккулёфта ва лоиҳаҳои афзалиятноки дар ҳудуди минтақа амалишаванда муфассал шинос намуд.
Иброз гардид, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои рушди фаъолияти истеҳсолӣ ва саноатӣ шароити мусоид ва рақобатпазир фароҳам овардааст.
Ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманд изҳори омодагӣ намуданд. Сармоягузорони эронӣ ба имконоти фароҳамгардида баҳои баланд доданд.
АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






