Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд

Февраль 5, 2026 18:00

ДАНҒАРА, 05.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ доданд.

Озмун бо мақсади татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани сатҳи маърифати китобдӯстӣ, рушди тафаккури зеҳнӣ ва ҷалби хонандагон ба мутолиаи осори адабӣ гузаронида мешавад.

Дар даври муассисавии озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз рӯи номинатсияҳои муайяншуда иштирок намуда, маҳораташонро дар қироати шеър, мутолиаи асарҳои бадеӣ ва донистани забону адабиёти тоҷик ба намоиш мегузоранд.

Ғолибони даври муассисавӣ ба даври навбатии озмун роҳхат гирифта, дар озмуни сатҳи ноҳиявӣ иштирок мекунанд.

Иброз гардид, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара ба таҳкими маърифати китобхонӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва болоравии сатҳи донишандӯзии хонандагон мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Февраль 5, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид