Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид

Февраль 17, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Намоиш-фурӯши китоб бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд. Дар он Нашриёти «Адиб» 80 номгӯй китоб бо теъдоди 2000 нусха ва Нашриёти «Ирфон» 70 номгӯй ва 2000 нусха китобро пешниҳоди сокинони ноҳия намуданд.

Дар намоиш-фурӯш ноширони ватанӣ китобҳои бадеӣ, илмӣ, адабиёти бачагона ва тарҷумаи бадеиро бо сифати баланд пешниҳоди мардум гардониданд. Намоиш-фурӯши китоб барои дастрас намудани китобҳои тозанашр беҳтарин имконият аст.

Чун анъана дар намоиш-фурӯш як зумра шоирону нависандагони маъруфи тоҷик  иштирок намуда,  ба   китобҳои харидаи  иштирокдорон  соядаст  гузоштанд.

Китоб ганҷи бебаҳо, махзани илму дониш, панду ҳикмат ва роҳнамову ҳамнишини беҳтарин аст. Ҳар нафа­ре, ки китобхониро пеша мекунад, аз ӯ дар оянда ҳатман шахси некному фарҳангдӯст ва бомаданият ба воя мерасад. Тавассути китоб мо таърихи гузашта, ҳаёти имрӯза ва ояндаи дурахшони халқу миллатамонро меомӯзем. Маҳз китоб аст, ки ба мо расму оин ва анъанаҳои неки миллиамонро бозгӯйӣ карда, имкон медиҳад, ки сатҳи донишамонро пайваста мукаммал гардонем.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «китоб рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон  аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавӣ истифода баранд».

Ба андешаи донишмандон, китоб  на танҳо аз насл ба насл дониш, маданият, таҷрибаи ҳосилкардаи инсонро интиқол медиҳад, балки барои таълиму тарбияи аҳли ҷомеа имконияти зиёд фароҳам меоварад. Китоб таъсири ка­лони тарбиявию дарккунӣ дорад. Бисёр шахсиятҳои бузург, аз қабили олимон, файласуфон, шоирону нависандагон ба китоб ҳамчун муаллими бузург ва рафиқ баҳо дода, ҷа­вононро даъват кардаанд, ки аз овони кӯдакӣ ба китобхонӣ одат намоянд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 17, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд