Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ёрмандӣ ба табақаи ниёзманди аҳолӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» ва «Turkiye Diyanet vakfi»-и Туркия, Фонди корҳои динии Нидерландия дар якҷоягӣ бо Идораи генералии Бунёди дини Туркия ба 300 нафар ятим, маъюб ва ашхоси дигари ниёзманди шаҳри Душанбе кумакҳои яквақтаина расонида шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар доираи ин дастуру супоришҳо 800 оилаи ниёзманд бо маводи ғизоӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ ва дигар маҳсулоти донагӣ таъмин карда мешаванд. Чунин амали инсонпарварона ва наҷиб дар пайравӣ ба иқдоми хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар заминаи сиёсати самарабахши иҷтимоӣ амалӣ шуда, пайваста иҷро мегардад.
Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» Ҷамшед Сафаров иброз дошт, ки дар доираи чунин иқдом дар ҳамкорӣ бо шарикон – «İHH İnsani Yardım Vakfı»-и туркӣ, Агентии ҳамкорӣ ва рушди Туркия (ТİКА) ба 800 оилаи ниёзманди шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ховалинг, Рӯдакӣ, шаҳрҳои Бохтару Ваҳдат низ кумакҳои моддӣ расонида мешаванд.
Дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, барои дастгирии онҳо пайваста тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.
Бояд гуфт, ки Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» 13 июли соли 2016 ба фаъолият оғоз намудааст. Ин ташкилот тақрибан ҳамасола ба ҳазорҳо хонаводаҳои ниёзманд маводи ғизоӣ кумак менамояд.
Тавре Ҷамшед Сафаров иброз дошт, дар фасли зимистони имсола ташкилот ба 100 оилаи ниёзманди шаҳри Душанбе, ноҳияи Ховалинг, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат 50 тонна ангишт тақсим намуд.
«Дар арафаи соли таҳсили 2025-2026 низ ташкилот дар ҳамкорӣ бо «İHH İnsani Yardım Vakfı»-и туркӣ ба 100 хонандаи ятим ва оилаҳои ниёзманд лавозимоти дарсӣ дастрас намуд. Ҳамзамон аз ҷониби ташкилот ва шарикони рушд аз Малайзия барои таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ба ноҳияи Дарвоз генератори барқии 200 квт тақдим карда шуд», -афзуд Ҷамшед Сафаров.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Сабо» дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб корҳои таъмиру навсозӣ дар ҳоли анҷом қарор доранд. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ масҷид пурра таъмиру навсозӣ карда мешавад.


«Дар назар аст, ки аз ҷониби ташкилот ва шарикони рушд аз Малайзия ба 500 нафар оилаи дигар низ кумак расонида шавад. Илова бар ин аз ҷониби ташкилот боз 100 оилаи дигар бо маводи ғизоӣ таъмин карда мешавад», -гуфт Ҷамшед Сафаров.
Бояд иброз намуд, ки дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки яке аз амалҳои хайре, ки савоби бештари анҷом додани он маҳз дар моҳи шарифи Рамазон таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад.
«Ҳар шаҳрванди мамлакат метавонад як кори нек анҷом диҳад, як гӯшаи диёрро обод созад ва ҳисси ватандӯстию ифтихор аз ватандории худро дар амал нишон диҳад», — таъкид доштанд Пешвои миллат.
Таҳти ҳидоятҳои Сарвари давлат соҳибкор Ҷамшед Сафаров пайваста дар корҳои ободонию созандагӣ ва кумак ба ятимону барҷомондагон ва шахсони имконияташон маҳдуд саҳми муносиб мегузорад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»













Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






