Дар шаҳри Бӯстон оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар мавзуи «Огоҳонидани аҳолӣ дар бораи чораҳои бехатарии радиатсионӣ» машварат баргузор шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар доданд, машварат аз ҷониби Агентии бехатарии кимиёвӣ, биологӣ, радиологӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ташкил шуда, дар он аз чанд ҷамоати шаҳрҳои Бӯстон ва Истиқлол шахсони гуногункасб иштирок намуданд.
Дар машварат мутахассисон дар мавзуи асосҳои бехатарии радиатсионӣ якчанд муаррифӣ ва сессияҳои интерактивӣ баргузор намуданд. Дар онҳо масъалаҳои назорати сатҳи радиатсия, қоидаҳои рафтор дар минтақаҳои хавфнок, истифодаи воситаҳои муҳофизати шахсӣ ва аҳамияти муоинаҳои мунтазами тиббӣ баррасӣ карда шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба ҳавзҳои партови уран дар ҳудуди шаҳраки Адрасмон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зоҳир гардид, ки дар онҳо миқдори зиёди партовҳо боқӣ мондаанд.
Ба иштирокчиён оид ба кам кардани таъсири радиатсия дар ҳаёти рӯзмарра, аз ҷумла истифодаи бехатари заминҳои кишоварзӣ ва манбаъҳои об тавсияҳои амалӣ дода шуданд. Иброз гардид, ки машварат барои онҳо доир ба ҳифзи саломатӣ ва муҳити зист донишҳои арзишманду амалӣ фароҳам овард. Маълумоти бадастомада имкон медиҳад, ки онҳо дар фаъолияти ҳамарӯза усулҳои амнтарро истифода бурда, донишҳои гирифтаро ба дигар сокинони ҷомеа омӯзонанд.
Иштирокчиёни машварат ҳамчунин бо фаъолияти озмоишгоҳи филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар вилояти Суғд шинос гардиданд.
Машварат дар доираи марҳилаи сеюми лоиҳаи минтақавии «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор барои безараргардонии мероси уранӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардида, онро Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ менамояд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
НАВРӮЗ — РАМЗИ ДӮСТӢ ВА СУЛҲ БАЙНИ МАРДУМОН. Дар Институти астрофизика ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи ташаккули ҳувияти иҷтимоии аҳолӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Масоили муҳими идоракунии захираҳои об бо намояндагони Маркази минтақавии СММ баррасӣ гардид
Оид ба эҳё ва таҳаввули ҷашнҳои миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин ниҳоди муқтадир ба такягоҳи боэътимоди сулҳу субот ва амнияти давлат табдил ёфтааст
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд






