Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 феврал дар шаҳри Бишкек ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон – Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев баргузор шуд.
Нахуст Сарвазири кишвари мо Қоҳир Расулзода аз фазои мусоиди имрӯзаи ҳамкорӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки маҳз иродаи сиёсӣ ва хирадсолории роҳбарони кишварҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров ин саҳифаи навро дар таърихи муносибатҳо боз кард.
Дар рафти ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, саноати сабук ва маъдан, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳо баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки соли 2025 ҳаҷми гардиши савдо миёни кишварҳо 171 дарсад афзоиш ёфта, ба беш аз 30 миллион доллари амрикоӣ расид.
Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳаҷми тиҷорати мутақобила дар солҳои оянда то ба 500 миллион доллар афзоиш дода шавад. Барои ин зарурати бартарафсозии монеаҳои мавҷуда ва таъмини фаъолияти шаффофи транзитӣ таъкид гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот Протокол доир ба фаъолияти муштараки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.
Баъд аз анҷоми ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров Сарвазири кишвари мо Қоҳир Расулзодаро ба ҳузур пазируфт.
Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонд.
Дар ҷараёни ин дидор оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва натиҷаҳои ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон табодули афкор сурат гирифт.
Инчунин, дар ҳошияи ҷаласа Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва Адилбек Касималиев бо фаъолияти корхонаи экотехнологии истеҳсоли нерӯи барқ тавассути коркарди партовҳо шинос шуданд.
Зикр шуд, ки ҷорӣ намудани технологияҳои муосири коркарди партовҳо ба беҳтар кардани шароити санитарии муҳити зист мусоидат карда, қадамест баҳри расидан ба иқтисоди «сабз».








ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид






