МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ барои боғҳои дарахтони мевадиҳанда муҳим аст

Февраль 9, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 09.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мондани яхоб дар давраи нашъунамо ҳосилнокии боғҳои себро 70-100 дарсад, олуро 50-60 дарсад, олуболуро 60-80 дарсад ва зардолуро 90-100 дарсад зиёд мегардонад. Дар баробари ин устувории дарахтон нисбат  ба сардии ҳавои зимистон низ баланд мешавад. Чунин тавсия медиҳанд олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.

Ба таъкиди олимони соҳаи кишоварзӣ, яхобмонӣ ҳангоми сард омодани зимистон сабаби нест шудани тухм ва зочаи ҳашароти зараррасони боғ ва токзор мегардад. Яхобмониро пас аз хазонрези дарахтон дар моҳҳои декабр-феврал бо меъёрҳои 1000-1300 метри мукааб ду маротиба додан зарур аст. Меъёр ва миқдори яхобмонӣ аз намнокии хоки майдон, тагпайванди дарахтон, сатҳи баланди обҳои зеризаминӣ ва сохти хок вобаста аст.

Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокии боғу тозор ва ҷамъоварӣ намудани ҳосили қаноаткунанда аз онҳо танҳо дар асоси риояи қоидаҳои агротехникӣ  ноил гаштан мумкин аст. Дар байни чорабиниҳои агротехникӣ парвариши дарахтону буттаҳои ток барои ба даст овардани ҳосили баланду меваи сифатнок бобати таъмини намнокии хок мавқеи асосӣ дорад. Чунки ҳама мубодилаи моддаҳо аз раванди физиологӣ бо иштироки об мегузарад.

Миқдори бориши солона дар минтақаҳои боғу токпарварии ҷумҳурӣ вобаста ба мавқеи ҷойгиршавиашон аз 200 то 750-800 милиметр  мебошад. Лекин дар минтақаҳои сербориштарин бо сабаби нобаробар боридани борон давоми сол дар нимаи дуюми тобистон норасоии намнокӣ дар хок ба амал меояд. Ин сабаби косташавии сифати меваю ангур, хусусан навъҳои тирамоҳию зимистонаи онҳо мегардад.

Аз ин лиҳоз дар соҳаи боғу токпарварии ҷумҳурӣ обёрии сунъӣ ба таври васеъ истифода мегардад. Он ду хел мешавад: обёрии  давраи нашъунамо ва яхобмонӣ ё обмонии захиравӣ. Меъёри истифодаи оби полезӣ вобаста ба навъу намуди дарахтони мевадиҳандаю ангур  6000-9000 метри кубиро дар як сол ташкил медиҳад.

Ба тавсияи олимони соҳа, пас аз шудгори байни қаторҳо ва нармкунии бехи ниҳолҳо дар заминҳои гилхок дар масофаи 1,5-2 метр ва дар сабуки қумдор дар 70-10 сентиметр  аз якдигар ҷӯяк кашида, сипас обро борик сар додан зарур аст. Давомнокии яхобмонӣ аз намгирии хок вобаста аст.

Яхобмонӣ низ монанди обмонии баҳорӣ бояд муъдадил бошад. Чунки аз ҳад зиёд шудани намнокӣ боиси косташавии қобилияти обу  ҳавогузаронии хок мегардад. Аз ин рӯ минтақаҳои водигӣ, ки иқлими муътадил доранд, дар фасли зимистон аз оби зиёдатӣ бояд озод бошанд. Дар заминҳое, ки сатҳи оби зеризаминияшон баланд аст, яхобмонӣ тавсия дода намешавад. Расидани оби полезӣ ба обҳои зеризаминӣ сабаби боло баромадани намакҳои таркиби оби зеризаминӣ гардида, дар натиҷа боиси хушкшавии дарахтону буттаҳо мегардад.

Аҳамияти яхобмонӣ дар мавзеъҳои камоб дучанд аст. Бо роҳи яхобмонӣ деҳқон метавонад дар давраи зимистон намнокиро дар хок захира кунад ва ин оби захирашударо дарахтон дар фасли тобистон пурра истифода мебаранд.

Барои захира кардани намии табиӣ дар заминҳои лалмӣ тавсия дода мешавад, ки байни қаторҳо ва бехи ниҳолҳою буттаҳоро аз нимаи дуюми тирамоҳ пас аз боришҳои аввал нарм кунанд. Ба таври уфуқӣ аз бехи дарахтон 50-60 сантиметр дар ду тараф ҷӯякҳои чуқуриашон 25-30  сантиметр кашида, бояд ба ҷоришавиии обҳои бориши табиӣ роҳ надиҳанд. То ин ки обҳо дар майдони ғизогирии дарахтону буттаҳо таҳшин шаванд. Бо гузаронидани ин чорабинии агротехникӣ кишоварзон метавонанд самаранокии меҳнат ва ҳосилро дучанд гардонанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
АЗ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ТО ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Марҳилаи нави ислоҳоти давлатӣ
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад