Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
ВАҲДАТ, 27.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ бо маслиҳати мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ беш аз 800 бех ниҳолҳои сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуданд, ки ба беҳтар намудани муҳити зист мусоидат мекунанд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар хоҷагии ниҳолпарварии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бо раванди парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии ниҳолпарварӣ соли 2025 дар 5 гектар таъсис гардида, ҳоло дар он зиёда аз 25 000 бех ниҳол парвариш меёбад. Дар хоҷагӣ беш аз 15 намуди ниҳоли ороишӣ ва сояафкан парвариш карда мешаванд, ки барои сабзкорӣ ва ободонии шаҳру ноҳияҳои мамлакат пешбинӣ гардидаанд.
Имрӯзҳо сокинони шаҳри Ваҳдат бо истифода аз ҳавои мусоид дар шафати шоҳроҳҳо ва талу теппаҳо ба шинонидани дарахтони гуногун машғул ҳастанд. Тибқи иттилои масъулин, соли 2026 дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва мевадиҳанда шинонида мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






