Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард

Февраль 28, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раванди бошитоби ҷаҳонишавӣ воқеан ҳам барои башарият имконияти мубодилаи дастовардҳо, рушди босуръати технологӣ ва афзоиши робитаҳои иқтисодии байни давлатҳоро ба маротиб боло бурд. Ҳамзамон ин имконот мушкилоти ҷиддиеро бахусус дар самти ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ба бор оварданд. Масъалаи ҳифз ва тақвият бахшидани пояҳои арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ имрӯз барои қисми зиёди аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронкунанда мебошад.

— Арзишҳои миллӣ дорои хусусияти хоси худ буда, аз нигоҳи шароити ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ ва таърихии мавҷудияти ҳар мамлакат ва халқу қавмҳо ва ҷудоии онҳо аз якдигар фарқият доранд.

Дар ин раванди таърихӣ мубодилаи унсурҳои арзишҳои миллӣ дар байни гурӯҳҳои гуногуни этникӣ омили муҳими мавҷудият ва рушди онҳо мебошад. Ба ҳамин тариқ,  арзишҳои миллии ҳар халқ давоми асрҳо шакл гирифта, ба унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ табдил меёбанд. Дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ ва тағйироти куллӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад, зеро онҳо зарурат ба дарк ва таҷдиди назар доранд.

Халқи тоҷик аз даврони куҳан дорои мероси ғании маънавиёт ва фарҳангу маорифи бузург буд. Давоми асрҳо миллати тоҷик бо хислатҳои хоси худ, аз қабили инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, меҳрубонӣ аз бисёр қавму миллатҳо фарқияти калон дошт. Ин арзишҳо меҳвари тарбияи маънавӣ ва ахлоқии тоҷиконро ташкил дода, то имрӯз ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта шудаанд.

Бесабаб нест, ки имрӯз ислоҳоти маънавӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон эълон шудааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи маориф», «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳо» ва дигар санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ ба масъалаҳои забон, маънавият ва таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.

Давлат барои ба роҳ мондани сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки ҳадафаш ҳифзи забон ва густариши адабиёти миллӣ аст, заминаи рушду такомули худшиносии миллиро фароҳам овардааст. Нашри китобҳо ва асарҳои адабиёти классикӣ ва муосир имкон дод, ки насли ҷавон бо мероси адабӣ ва фарҳангӣ шинос шавад ва ҳисси ифтихори миллӣ дар онҳо ташаккул ёбад. Натиҷаи ҳамин сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки забони тоҷикӣ имрӯз ҳамон мақомеро дарёфтааст, ки дар замони Сомониён дошт.

Истиқлоли миллӣ заминаи эҳё ва ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон гардид. Ҳифзи мероси таърихӣ низ аз дастовардҳои муҳими замони соҳибистиқлолӣ буда, бунёди осорхонаву китобхонаҳо, ёдгориҳо ва марказҳои фарҳангӣ на танҳо объектҳои таърихӣ ва фарҳангиро эҳё кард, балки мардумро бо таърихи бою ғанӣ ва куҳани худ шинос намуд. Ин муассисаҳо ба муҳаққиқон ва олимон имконияти васеъ доданд, ки тавассути омӯзиш ва таҳқиқи мероси гузашта арзишҳои миллиро таҷдиди назар намуда, онҳоро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.

Ба рӯйхати ЮНЕСКО пазируфта шудани арзишҳои анъанавии миллӣ, аз ҷумла оши палав, қурутоб, мероси Мавлоно, мусиқиҳои Шашмақому Фалак, либоси миллии чакан, ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон аз муҳимтарин дастовардҳои фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, муаррифи миллати тоҷик ва тамаддуни ориёӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин раванд нишон медиҳад, ки арзишҳои миллӣ на фақат ёдгории гузашта, балки унсури фаъол ва пешбарандаи ҷомеа ва хотира буда, дар рушди ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар замони муосир муҳим он аст, ки фарҳангу анъанаҳои миллиро ҳамаҷониба таблиғ намуда, онҳоро ба насли ҷавон омӯзонем ва гузаштаро  бо имрӯз пайванд созем.

Парвина МУҲАММАДАЛИЗОДА,
мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС аз муаллиф

Февраль 28, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оростани хони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихӣ мебошад
СУМАНАК ЗЕБИ БАҲОР АСТ! Суманакпазӣ яке аз анъанаҳои қадимӣ ва суннатии тоҷикон аст
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАМИН. Ҳар нафар вазифадор аст дар хусуси хонаи умумии мо ғамхорӣ намояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Хуч на танҳо хосияти шифобахшӣ, балки аҳамияти калони экологӣ низ дорад
ЗАХИРАҲОИ ОБ — МУҲИМТАРИН МАНБАИ ҲАЁТ. Соли 2028 дар Тоҷикистон Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»