Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст

Февраль 22, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2023–2027»  дар вилояти Суғд, ки дорои  захираҳои фаровони обӣ ва иқлими мусоид мебошад, солҳои охир парвариши моҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо рушд меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Аз ҷумла, дар хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи сохтмон» -и ноҳияи Шаҳристон, воқеъ дар мавзеи Чилҳуҷраи ноҳия дар 2 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил гардида, дар онҳо парвариши моҳии навъи форел ба роҳ монда мешавад.

Обу иқлими ноҳияи Шаҳристон барои парвариши моҳии форел бисёр мувофиқ буда, ташкили чунин ҳавзҳо барои рушди соҳаи сердаромади моҳипарварӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

Роҳбарияти вилояти Суғд зимни боздид дастур дод, ки дар баробари таъсиси ҳавзҳои моҳипарварӣ барои ташкили ошхонаҳои замонавӣ ва коркарди маҳсулоти моҳӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Спитамен, Истиқлол, Исфара, Панҷакент ва дигар минтақаҳои вилояти Суғд даҳҳо хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият доранд.

Натиҷаҳои татбиқи «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ барои солҳои 2023–2027»  на танҳо ба рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилоят такон бахшиданд, балки ҳаҷми истеҳсоли гӯшти моҳӣ нисбат ба солҳои қаблӣ ба таври назаррас афзоиш ёфта, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ беҳтар гардидааст. Рушди соҳа ҳамзамон ба таъсиси ҷойи нави кор мусоидат намуда, сатҳи зиндагии аҳолиро боло мебарад ва вобастагии бозорро аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш медиҳад.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов хоҷагии моҳипарварии «Гулмоҳии Суғд» низ фаъолият дорад, ки яке аз хоҷагиҳои намунавии моҳипарварӣ дар вилоят мебошад. Бояд таъкид кард, ки дар айни замон дар вилоят 68 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият дошта, дар 38 хоҷагӣ дар 406 гектар беш аз даҳ навъи моҳӣ, аз ҷумла суфмоҳӣ, тосмоҳӣ, сазан, зағорамоҳӣ, пешонағафс, амури сафед ва дигар навъҳо парвариш меёбанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 22, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд