Дар Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бошукуҳ таҷлил мегардад

Февраль 19, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат баргузории якчанд чорабинии сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Вазорати мудофиа маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин расонида шуда,  консерти идона доир мегардад.

Бахшида ба ин рӯз дар назди муҷассамаи «Шоҳ Исмоили Сомонӣ» дар шаҳри Душанбе ва Оромгоҳи сарбози номаълум дар маҳаллаи Қаротегини ноҳияи Шоҳмансур гулчанбар гузошта мешавад.

Дар робита ба ин чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангӣ – фароғатии «Ирам», «Фирдавсӣ», «Куруши Кабир», «Мироненко»-и шаҳри Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳо бо иштироки афсарону сарбозони сохторҳои ҳарбӣ барномаҳои гуногун ташкил гардиданд.

Ба мақсади шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти ҳаррӯзаи афсарону сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ барои ҷавонони синни даъватӣ «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор мешавад. Ҳамзамон баргузории чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ дар байни хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба нақша гирифта шудааст.

Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ озмуни «Суруди сарбоз» доир мегардад. Озмун ба баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба хизмати ҳарбӣ мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки баргузории ин чорабиниҳо дар таҳкими омодагӣ, маърифат ва робитаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин тарғиби идеяҳои ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми мамлакат нақши муҳим дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 19, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид