Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд

Февраль 19, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон барои ташхис ва муайян кардани омосҳои ҷигар ва дигар бемориҳои мураккаби онкологӣ дастгоҳи муосири аблятсияи микромавҷӣ (Microwave Ablation, MWA) дастрас гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, нахустин маротиба тавассути ин дастгоҳи муосир дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» усули муосири аблятсияи микромавҷӣ (Microwave Ablation, MWA) барои табобати омосҳои ҷигар муваффақона иҷро гардид.

Ин дастгоҳ имкон фароҳам меорад, ки бемориҳои онкологӣ ба таври дақиқ ташхис ва муайян карда шаванд. Амалӣ намудани ин технология марҳилаи муҳим дар рушди онкологияи интервенсионӣ ва ҷарроҳии камзахмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, имконияти табобати муосири беморони гирифтори бемориҳои онкологиро васеъ менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки аблятсияи микромавҷӣ усули баланди технологии камзахмӣ буда, истифода аз энергияи электромагнитии басомади зиёд боиси баланд шудани ҳарорати бофта ва ба вуҷуд омадани некрози коагулятсионии ҳуҷайраҳои омосӣ мегардад. Ин усул бо самаранокии баланд, бехатарӣ ва имконияти истифода дар бемороне, ки барои ҷарроҳии анъанавӣ маҳдудият доранд, фарқ мекунад.

Ин намуди амалиёти ҷарроҳӣ имконият медиҳад, ки табобати омосҳои хушсифат ва бадсифати андозаашон хурди дорои бемориҳои ҳамрадифи хатарнок бе буриш пурра табобат карда шаванд. Беморон баъди як шабонарӯз ба хона ҷавоб дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки қаблан барои гузаронидани чунин амалиёти ҷарроҳӣ шаҳрвандони мамлакат бо харҷи зиёд ба хориҷи ҷумҳурӣ сафар мекарданд. Ҳоло онҳо дар ватан ба табобати муосир фаро гирифта мешаванд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 19, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»