Дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 5,2 миллион нафарро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 5,1 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд. Дар ин хусус сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии муштариёни пайвастшуда ба шабакаҳои алоқаи барқӣ 8,2 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 7,8 миллион муштариёни умумии алоқаи мобилӣ ва 5,9 миллион муштариёни фаъоли алоқаи мобилӣ мебошанд.
«Дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ интернет аз ҷониби 6 ширкати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва 30 ширкати хизматрасониҳои алоқаи собит таъмин гардида истодааст», -афзуд Исфандиёри Саъдулло.
Гуфта шуд, ки шумораи умумии субъектҳои иҷозатномадор дар соҳаи алоқа, ҳамагӣ 97 ададро ташкил медиҳанд, ки бо 251 иҷозатнома фаъолият доранд. Аз ин шумора дар соли 2025 ҳамагӣ 56 адад иҷозатнома ба 40 субъекти хоҷагидор дода шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 80 ҳазору 100 сомонӣ маблағ ворид гардид.
Таъкид гардид, ки сатҳи хизматрасонии алоқа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ислоҳот ва такмил қарор дошта, Хадамоти алоқа барои фаро гирифтани минтақаҳои дурдаст бо алоқаи барқӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






