НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст

Февраль 6, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон соли 2025 ҳамагӣ 287 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба амал омад, ки нисбат ба соли 2024 361 (639) ҳолат кам мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ин ҳодисаҳои табиӣ дар 12 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо зарар расониданд, ки маблағи он беш аз 20 миллион сомониро ташкил дод.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки аз шумораи ҳолатҳои фавқулодаи бавуҷудомада 83 ҳодиса селфароӣ, 79 ҳодиса тармафароӣ, 35 ҳолат заминларза, 24 ҳодиса сангрезӣ, 18 ҳолат бориши борон, 18 ҳолат шамоли сахт, 14 ҳолат баландшавии сатҳи об, 9 ҳолат фаромадани ярч, 4 ҳолат ба амал омадани раъду барқ, 2 ҳодиса бориши барфи зиёд ва 1 ҳодиса хунукии сахт мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар натиҷаи шаш ҳодисаи табиӣ 6 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат иброз дошт, ки кумита барои бартараф кардани ҳолатҳои фавқулодаи табиию техникӣ бо тамоми техникаи зарурӣ таъмин буда, гурӯҳҳои корӣ пайваста дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 барои ҳаракати бемонеа дар роҳҳои ағбагузари мамлакат ва таъмини амнияти ронандагону мусофирон дар мавсими зимистон ҳангоми гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ 160 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ наҷот дода шуданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид