Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид

Февраль 13, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири Иттиҳоди  Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарски дар шаҳри Душанбе қарор гирифт.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояи аврупоӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди иқтисоди устувору «сабз» равона гардид.

Ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории минбаъда ва густариши ҳамкории амалӣ дар самтҳои афзалиятнок изҳори омодагӣ карданд.

 АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 13, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд