Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»

Февраль 19, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба манзалати  падару модар чунин ёдоварӣ намудаанд: «Дини ислом эҳтиром гузоштан ба мақому манзалати падару модарро аз ҷумлаи арзишҳои баланд дониста, хизмат ба онҳоро аз ҳама ибодатҳо боло гузоштааст. Ба ин маънӣ дар ҳадис омадааст, ки некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад».

 «Риояи инсоф дар хариду фурӯши молу маҳсулот, худдорӣ кардан аз оростани дастархони серхарҷ ва истеъмоли аз меъёр зиёди хӯроки серғизо дар ин моҳ бисёр муҳим аст, зеро амалҳои зикршуда ба моҳияти ин моҳи муборак умуман созгор нестанд»,-чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин ҳикматҳои моҳи Рамазонро дуруст дарк намуда, бо нияти нек ва қалби пок ба тоату ибодат машғул шуда, фазои сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро дар мамлакати азизамон боз ҳам мустаҳкам мегардонанд.

Ҳамчунин иброз намуданд, ки парҳезгорӣ, саховатмандӣ ба атрофиён, дасти ниёзмандонро гирифтан, аз рӯйи тавону имкон кумак кардан ба наздикони худ ва анҷом додани дигар амалҳои неку савоб аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар ин моҳ барои мусулмонон савоби бештар доранд.

«Шахсе, ки дар ин моҳи муборак як амали нек ё як кори хайру савоб анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст»,- таъкид доштанд Пешвои миллат.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд, ки шарти қабули амалҳои хайр анҷом додани онҳо аз рӯйи ихлос буда, дар иҷрои онҳо бояд ҳадди эътидол риоя гардад ва ба исрофкориву зоҳирпарастӣ ва худнамоию зиёдаравӣ роҳ дода нашавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Февраль 19, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»