Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кӯҳистони Мастчоҳ хатҳои интиқоли барқ таъмирталаб мебошанд.
Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои санҷиши кормандони шуъбаи агентӣ дар минтақаи Зарафшон нишон дод, ки якчанд таҷҳизот ва инфрасохтори барқии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба талаботи техникию меъёрҳои амалкунанда пурра мутобиқ нестанд. Ҳолати трансформаторҳо, симчӯбҳо ва хатҳои интиқоли неруи барқ нигаронкунанда буда, камбудиҳои техникии онҳо метавонанд боиси ба вуҷуд омадани садамаҳо, қатъшавии интиқоли барқ ва дигар ҳодисаҳои нохуш гарданд.
Ҳамзамон ҳолатҳои изофанависии неруи барқ аз тарафи Шабакаҳои барқи ноҳия дар ҳаҷми 34 ҳазор кВт-соат ошкор шуданд.
Ба масъулини шабакаҳои барқи ноҳия дастур дода шуд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳ камбудиҳои мавҷударо бартараф ва назорати техникиро пурзӯр намоянд.
Бояд гуфт, ки неруи барқ сарвати миллист ва онро бояд оқилона, самаранок ва тибқи қоидаҳои муқарраргардида истифода намуд.
АКС: Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






