ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар 246 ҳазору 480 гектар барои муайян намудани тухмгузории малах мушоҳидаи тирамоҳӣ гузаронида шуд. Дар 120 ҳазору 555 гектари он тухмгузории малах муайян гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Барои пешгирии паҳншавии малах 8 дорупошаки бесарнишин (дрон) харида шуд, ки барои беҳтар намудани кор ва сари вақт пешгирӣ кардани паҳншавии малах истифода мегардад.
Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, ин ҳашарот тухмҳои худро дар ҷойҳои дастнорас мегузоранд, ки барои нест кардани онҳо мушкилӣ пеш меояд.
Малах тухмҳоро дар дохили кӯзачаи колбашакли каҷтоб, ки дарозиаш 41-55 миллиметрро ташкил медиҳад, дар хоки сахти ҷойҳои регзори заминҳои қумӣ дар чуқурии аз 4 то 5 сантиметр мегузорад. Агар дар давраи якум ва дуюми он макони ҷойгиршавии онҳо мушаххас карда шуда, корҳои кимиёвӣ гузаронида шаванд, нест намудани онҳо имкон дорад. Зеро дар ин давра онҳо бо ҳам зич буда, имкони васеъ паҳн шудан надоранд. Вале агар давраи 3 ё 4-уми он оғоз гардад, дар ин ҳолат нест намудани малах хеле мушкил аст. Чунки дар ин давра онҳо хуб инкишоф ёфта, масунияташон мустаҳкам мегардад ва 1 малах дар як гектар баробари 3 вазни худ зироатро истеъмол менамояд. Модинаи ин ҳашарот аз 5 то 7 см ва наринаи он то 4,5-5 сантиметр дароз мешаванд. Малахи модина дар мавсими тухмгузорӣ аз 1 то 3 ғӯза тухм мемонад, ки дар дохили як ғӯзаи он аз 18 то 42 тухми малах мавҷуд аст.
Ҳангоми истифодаи микромаводи биологӣ бар зидди малах танҳо ин ҳашарот нобуд гашта, дигар намуди ҳашарот, хазандагон, парандагон ва дигар мавҷудоти зинда осеб намебинад. Ҳангоми истифодаи чунин усул муҳити экологӣ безарар боқӣ мемонад.
АКС: АМИТ «Ховар»








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






