ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Кӯшониён бештар зироати барвақтӣ кишт гардидааст
ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад–2»-и ноҳияи Кӯшониён дар 8 гектар пиёзи барвақтӣ кишт гардидааст, ки ҳоло нашъунамои хуб дорад. Дар назар аст, ки ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ аз моҳи апрел оғоз гардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад–2» дорои 17 гектар замин буда, дар 8 гектари он пиёз, дар 1,1 гектар гандум, дар 0,25 гектар картошка, дар 0,4 гектар карам ва дар 0,30 гектар сабзӣ кишт карда шудааст. Кишти зироати гуногун нишон медиҳад, ки дар хоҷагӣ ба масъалаи кишти такрорӣ ва истифодаи оқилонаи замин диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Хоҷагии деҳқонии «Бегиҷон»-и ноҳияи Кӯшониён дорои 5,75 гектар замин мебошад. Дар 4,20 гектари он сабзӣ кишт гардида, дар 0,11 гектар карам ва дар 0,20 гектар гандум парвариш меёбад. Кишти сабзии барвақтӣ дар чунин масоҳат нишонаи таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза ва вусъат бахшидани истеҳсолот мебошад.
Гуфта шуд, ки истифодаи самараноки замин, интихоби дурусти навъҳои зироат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ омили асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ба шумор меравад.
Вилояти Хатлон беш аз 60 фоизи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро таъмин менамояд. Ба таҳлили коршиносон, минтақаи вилояти Хатлон барои парвариши маҳсулоти кишоварзии барвақтӣ созгор мебошад. Аз ин рӯ кишоварзон аз ин имконот ба таври васеъ истифода карда, дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзанда мегузоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






