Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
ДУШАНБЕ, 01.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад. Минбаъд мошинҳои дорои вазни иҷозатдодашудаи зиёда аз 2,5 тонна, аз ҷумла мошинҳои сабуки тиҷоратӣ бояд бо Smart Tacho 2 муҷаҳҳаз карда шаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳоло мошинҳои дорои вазни пурраи иҷозатдодашудаи аз 2,5 то 3,5 тонна метавонанд сарҳадҳоро бе тахограф убур кунанд. Аммо аз моҳи июли соли оянда уҳдадории нав ҷорӣ карда мешавад.
Комиссияи Аврупо тавзеҳот оид ба қоидаҳои нави истифодаи тахографҳо ва харитаҳои ронандагони мошинҳои боркашро дар доираи Регламенти Иттиҳоди Аврупо 2020/1054 нашр кард, ки ба Регламенти қаблии 165/2014 тағйирот ворид мекунад. Таваҷҷуҳи асосӣ ба давраи гузариш аз августи соли 2023 то августи соли 2028 дода шудааст, ки давоми он операторҳо, ронандагон ва ширкатҳои нақлиётии боркашони байналмилалӣ бояд ба талаботи нав мутобиқ шаванд.
Тибқи қоидаҳои нав, аз 1 июли соли 2026 ҳама воситаҳои нақлиёти вазни иҷозатдодаи зиёда аз 2,5 тонна, аз ҷумла мошинҳои сабуки тиҷоратие, ки дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо истифода мешаванд, ба истиснои давлати бақайдгирӣ бояд бо тахографҳои зеҳнии гузинаи 2 (smart Tacho 2) муҷаҳҳаз карда шаванд. Ронандагон инчунин бояд кортҳои тахографи версияи 2-ро истифода баранд. Ин назорати риояи реҷаи кор ва истироҳати ронандагонро осон ва маҳдудияти техникиро ҳангоми санҷиши роҳҳо кам мекунад.
Мувофиқи қоидаҳое, ки ҳоло амал мекунанд, тавре дар сомонаи вазорат хабар дода шуда буд (ниг. https://mintrans.tj/, 13-12-2024), аз моҳи январи соли 2025 ронандагон ва ширкатҳо бояд воситаҳои нақлиёти худро бо вазни зиёда аз 3,5 тонна, ки дар интиқоли байналмилалӣ истифода мешаванд, бо тахографҳои рақамии насли дуюм (Smart Tacho 2) муҷаҳҳаз кунанд.
Қоидаҳои наве, ки соли оянда ҷорӣ карда мешаванд, ба мошинҳои боркаш, инчунин мошинҳои сабуки тиҷоратӣ (фургонҳо, мошинҳои хурди боркаш ва микроавтобусҳо) дахл хоҳанд дошт. Ин воситаҳои нақлиёт ба талабот оид ба вақти рондани мошин ва истироҳати ронанда тибқи Муқаррароти (ИА) 561/2006 мутобиқ карда мешаванд.
Мақомоти назоратӣ метавонанд маълумотро дар бораи убури сарҳад, танаффус ва вақти корӣ ба даст оранд.
Яке аз тағйироти калидӣ зиёд кардани даврае хоҳад буд, ки мақомоти назоратӣ метавонанд маълумоти ронандагонро аз 28 то 56 рӯз тафтиш кунанд. Ронандагоне, ки кортҳои тахографи версияи 2.2-ро истифода мебаранд, метавонанд маълумотро дар муддати 56 рӯз ба таври худкор пешниҳод кунанд. Аммо кортҳое, ки то моҳи августи соли 2023 дода шудаанд, метавонанд мушкилӣ эҷод кунанд, зеро на ҳамаи онҳо иқтидори нигоҳ доштани маълумотро дар чунин муддати тӯлонӣ доро ҳастанд. Дар чунин ҳолатҳо Комиссияи Аврупо ба ронандагон ва операторон тавсия медиҳад, ки сабтҳои иловагӣ гузаронанд ё чопи маълумотро пешниҳод кунанд.
Ин тағйирот ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ, кам кардани хастагии ронандагон ва фароҳам овардани шароити баробар барои ҳама иштирокчиёни бозори ҳамлу нақли байналмилалӣ равона карда шудааст.
Насб накардани тахографҳои насли дуюм боиси таҳримҳо ва ҷаримаҳои ҷиддӣ мегардад, ки андозаашон вобаста ба кишвар ва намуди нақлиёт аз 200 то 18 000 евроро ташкил медиҳад.
ТАХОГРАФ ЧИСТ?
Он дастгоҳест, ки аз чунин ҷузъҳо иборат аст:
Нишондиҳандаи суръат – суръати ҳаракати воситаи нақлиётро сабт ва ба арзёбии масофаи тайшуда кумак мекунад.
Блоки коркарди маълумот – маълумотро сабт ва нигоҳдорӣ мекунад Дисплей (намоиш) – дар экрани хурд маълумоти ҷорӣ дар бораи суръати мошин ва ҳолати ронанда нишон дода мешавад.
Ковокӣ барои ворид кардани корт – ин қисмат танҳо дар ҳолате кор мекунад, ки ронанда аз калид-корти шахсии худ истифода барад.
Принтер — бисёр ҷузъҳои тахограф ба шумо имкон медиҳанд, ки маълумоти дилхоҳатонро фавран чоп кунед.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷараёни корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар пойтахт муҳокима гардид
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамкориро бо Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш медиҳад
Дар Тоҷикистон Маркази ҳамоҳангсозии амнияти киберӣ барои бахши энергетика ва Низоми миллии иттилоотии бахши энергетикаи Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Дурнамои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Дар моҳи июл Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Соли 2027 Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Ҷопон иштирок мекунад
«Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2026–2030» панҷ самтро фаро мегирад
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва молияи Узбекистон Нақшаи ҳамкорӣ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе нахустин маротиба Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил гардид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
Раиси Бонки миллӣ дар Форуми байналмилалии «Monetary Policy Dialogue – 2026» иштирок намуд
Татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ ба рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат мекунад






