МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Навдаҳои зиёдатии дарахтонро бояд охири зимистон ва аввали баҳор бурид

Февраль 15, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 15.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Буриши дарахтон вобаста ба шароити маҳал, намуд ва сол охири фасли тирамоҳ, зимистон ва аввали баҳор гузаронида мешавад. Дар охири фасли зимистон ва аввали баҳор бо такя ба рӯзҳои сард дарахтони биҳӣ, олуболу, гелос, зардолу, бодом ва шафтолуро  буридан беҳтар аст. Чунин тавсия медиҳанд олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба боғпарварони мамлакат.

Ҳамасола барои беҳбуди нашъунамои дарахтон, ҳосилнокӣ ва зебоии муҳити атроф вобаста ба мавсим башаклдарорӣ ва буриши дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ гузаронида мешавад. Башаклдарорӣ ва буриши шохаҳои дарахтон яке аз омилҳои муҳими нигоҳубини ниҳолҳо ва дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ мебошад, ки ин раванд ба беҳбудию нашъунамо, ҳосилнокӣ ва зебоии муҳити  атроф мусоидат мекунад.

Буридани дарахтон дар рӯзҳои сарди зимистон, ки агар ҳарорат аз 5 дараҷа поин бошад, инчунин дарахтони донакдорро ҳангоми ҳавои хунук, намнок ва тира, ки сабаби шилмбарори онҳо мегардад, тавсия дода намешавад. Баъди оғози мавсими сабзиш буридан рушди дарахтонро суст мегардонад ва дар боғҳои навбунёд ҳатто сабаби хушкшавии ниҳолҳо мегардад.

Дар вақти буридан дар танаи дарахтон ҷароҳат боқӣ мемонад. Барои беҳтар сабзида, маҳкам шудани ҷароҳатҳо ба воситаи теғи тез ё  қайчии дарахтбурӣ рӯяшро тарошида, тоза карда, пас ба болояш хамираи боғӣ молидан тавсия дода мешавад. Инчунин истифодаи петролатумро низ маслиҳат медиҳанд.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар соҳаи боғдорӣ усули ҳалқабурӣ мавҷуд аст. Ин усул бо паҳноии 1 сентиметр дар гирди ҷойи бурида гирифтани пӯсти тана ё навдаҳои асосии дарахтон иҷро карда мешавад.

Олимони соҳаи кишоварзӣ таъкид менамоянд, ки ин усулро баъзан барои тезонидани ҳолати ба ҳосил даромадани дарахтони ҷавон низ истифода мекунанд. Ҳалқабуриро баъди 20-30  рӯзи гулкунӣ иҷро мекунанд. Барои хубтар сиҳат шудани ҷойи буридаи дарахт ба болояш хамираи боғӣ мемоланд ё бо пардаи синтетикию полиэтиленӣ печонида, маҳкам мекунанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд