МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ барои боғҳои дарахтони мевадиҳанда муҳим аст
ДУШАНБЕ, 09.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мондани яхоб дар давраи нашъунамо ҳосилнокии боғҳои себро 70-100 дарсад, олуро 50-60 дарсад, олуболуро 60-80 дарсад ва зардолуро 90-100 дарсад зиёд мегардонад. Дар баробари ин устувории дарахтон нисбат ба сардии ҳавои зимистон низ баланд мешавад. Чунин тавсия медиҳанд олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.
Ба таъкиди олимони соҳаи кишоварзӣ, яхобмонӣ ҳангоми сард омодани зимистон сабаби нест шудани тухм ва зочаи ҳашароти зараррасони боғ ва токзор мегардад. Яхобмониро пас аз хазонрези дарахтон дар моҳҳои декабр-феврал бо меъёрҳои 1000-1300 метри мукааб ду маротиба додан зарур аст. Меъёр ва миқдори яхобмонӣ аз намнокии хоки майдон, тагпайванди дарахтон, сатҳи баланди обҳои зеризаминӣ ва сохти хок вобаста аст.
Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки ба баланд бардоштани ҳосилнокии боғу тозор ва ҷамъоварӣ намудани ҳосили қаноаткунанда аз онҳо танҳо дар асоси риояи қоидаҳои агротехникӣ ноил гаштан мумкин аст. Дар байни чорабиниҳои агротехникӣ парвариши дарахтону буттаҳои ток барои ба даст овардани ҳосили баланду меваи сифатнок бобати таъмини намнокии хок мавқеи асосӣ дорад. Чунки ҳама мубодилаи моддаҳо аз раванди физиологӣ бо иштироки об мегузарад.
Миқдори бориши солона дар минтақаҳои боғу токпарварии ҷумҳурӣ вобаста ба мавқеи ҷойгиршавиашон аз 200 то 750-800 милиметр мебошад. Лекин дар минтақаҳои сербориштарин бо сабаби нобаробар боридани борон давоми сол дар нимаи дуюми тобистон норасоии намнокӣ дар хок ба амал меояд. Ин сабаби косташавии сифати меваю ангур, хусусан навъҳои тирамоҳию зимистонаи онҳо мегардад.
Аз ин лиҳоз дар соҳаи боғу токпарварии ҷумҳурӣ обёрии сунъӣ ба таври васеъ истифода мегардад. Он ду хел мешавад: обёрии давраи нашъунамо ва яхобмонӣ ё обмонии захиравӣ. Меъёри истифодаи оби полезӣ вобаста ба навъу намуди дарахтони мевадиҳандаю ангур 6000-9000 метри кубиро дар як сол ташкил медиҳад.
Ба тавсияи олимони соҳа, пас аз шудгори байни қаторҳо ва нармкунии бехи ниҳолҳо дар заминҳои гилхок дар масофаи 1,5-2 метр ва дар сабуки қумдор дар 70-10 сентиметр аз якдигар ҷӯяк кашида, сипас обро борик сар додан зарур аст. Давомнокии яхобмонӣ аз намгирии хок вобаста аст.
Яхобмонӣ низ монанди обмонии баҳорӣ бояд муъдадил бошад. Чунки аз ҳад зиёд шудани намнокӣ боиси косташавии қобилияти обу ҳавогузаронии хок мегардад. Аз ин рӯ минтақаҳои водигӣ, ки иқлими муътадил доранд, дар фасли зимистон аз оби зиёдатӣ бояд озод бошанд. Дар заминҳое, ки сатҳи оби зеризаминияшон баланд аст, яхобмонӣ тавсия дода намешавад. Расидани оби полезӣ ба обҳои зеризаминӣ сабаби боло баромадани намакҳои таркиби оби зеризаминӣ гардида, дар натиҷа боиси хушкшавии дарахтону буттаҳо мегардад.
Аҳамияти яхобмонӣ дар мавзеъҳои камоб дучанд аст. Бо роҳи яхобмонӣ деҳқон метавонад дар давраи зимистон намнокиро дар хок захира кунад ва ин оби захирашударо дарахтон дар фасли тобистон пурра истифода мебаранд.
Барои захира кардани намии табиӣ дар заминҳои лалмӣ тавсия дода мешавад, ки байни қаторҳо ва бехи ниҳолҳою буттаҳоро аз нимаи дуюми тирамоҳ пас аз боришҳои аввал нарм кунанд. Ба таври уфуқӣ аз бехи дарахтон 50-60 сантиметр дар ду тараф ҷӯякҳои чуқуриашон 25-30 сантиметр кашида, бояд ба ҷоришавиии обҳои бориши табиӣ роҳ надиҳанд. То ин ки обҳо дар майдони ғизогирии дарахтону буттаҳо таҳшин шаванд. Бо гузаронидани ин чорабинии агротехникӣ кишоварзон метавонанд самаранокии меҳнат ва ҳосилро дучанд гардонанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
МОДАР ВА ФАЛСАФАИ МЕҲР. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Модар
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд






