Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Исфара шинос гардид

Февраль 5, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо фаъолияти кишоварзон ва ҳолати заминҳои кишт ва боғҳо дар шаҳри Исфара шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иттилоъ доданд.

Аъзои гурӯҳи корӣ нахуст дар мавзеъҳои Нурафшон ва Моҳпарӣ бо ҷараёни бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ шинос гардида, барои истифодаи самараноки замин, азхудкунии қитъаҳои бекорхобида ва рушди боғу токпарварӣ ба деҳқонону боғпарварон маслиҳату тавсияҳои муфид доданд.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки дар шаҳри Исфара ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Зеро иқлими мусоид барои рушди боғпарварӣ ва гирифтани ҳосили фаровон имконияти васеъ фароҳам оварда, боғпарварони маҳаллӣ низ дорои таҷрибаи ғанӣ мебошанд.

Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони маҳаллӣ Абдуризо Абдуаҳадов ва Сорбон Савридинов тасмим гирифтаанд, ки заминҳои бекорхобидаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намоянд.

Тибқи нақша, соли 2026 дар 600 гектар боғи зардолу, сиёҳолу, себ, чормағз, писта, бодом, шафтолу ва токзор бунёд мегардад. Бо ин мақсад аз масофаи 2,5 километр бо қубурҳои қутрашон 315 мм хати об кашида шудааст. Маҳсулоти боғҳои навбунёд пурра ба содирот равона гардида, ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам баъди коркарду бастубанд ба давлатҳои хориҷӣ содирот карда мешавад.

Тибқи иттилои масъулон, бо татбиқи ин тарҳ қариб 300 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши муносиб таъмин мегарданд.

Дар мавзеи Моҳпарӣ бо иқдоми соҳибкор Манучеҳр Бобохонов  бунёди боғҳои нав идома дорад.

Соҳибкор бо кандани ду чоҳи амудӣ ва кашидани се хати оби полезӣ аз масофаи 3 километр дар 44 гектар боғҳои замонавӣ бунёд намудааст. Инчунин дар 43 гектари дигар ниҳолҳои зардолуи навъҳои шишахурмоӣ, курутаг ва бобоии сурх ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмуъ, масоҳати умумии боғҳои меваи ин мавзеъ ба 87 гектар мерасад.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамчунин бо парваришгоҳи ниҳолҳо, ки бо иқдоми  Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр  дар 1 гектар бунёд карда шудааст, шинос шуд. Дар он парвариши кӯчати беш аз 11 ҳазор бех  ниҳолҳои ороишию сояафкан, аз ҷумла санавбар, можевелник, ақоқиё, сарвиноз ва каталпа ба роҳ монда шудааст. Ин ниҳолҳо минбаъд барои сабзазоркунии гулгашту хиёбонҳо, кӯчаҳо ва мавзеъҳои назди бинои идораю муассисаҳо истифода карда мешаванд.

Гурӯҳи корӣ инчунин бо фаъолияти фермаи чорводорӣ дар Кооперативи истеҳсолии «Кишоварзони Навгилем»  ва раванди корҳои омодагӣ дар пойгоҳи обкашии  «50-солагии Октябр» шинос гардида, ба мутахассисони соҳаи кишоварзии шаҳр дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Февраль 5, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд