Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 33-солагиии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ иттилоъ медиҳад, ки зимни ифтитоҳи намоиши ҷашнӣ директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода доир ба таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини ҳифзу оромӣ ва сулҳу суботи мамлакат сухан намуд.
Дар намоиш бори нахуст аз фонди Осорхонаи миллӣ офаридаҳои рассомон, аз ҷумла Камелин А.Н. «Муҳорибаи Спитамен бар зидди Искандари Мақдунӣ», Буртсев Е.Г. «Сарҳадчиён», Ёдгоров К. «Нури ситораи дур», Абдуқодиров М. «Симои Исмоили Сомонӣ», Хошмуҳаммедов М. «Темурмалик», Илябаев Д. «Набарди Рустам бо Исфандиёр», Лисиков И. «Посбони тартибот», Шералиев С. «Вохӯрӣ. Сарбоз ба хона баргашт», Қурбонов С. «Симои генерал Тошмуҳамедов», Канаян М. «Дар сарҳад», Хушвахтов Л. «Сарҳадбон», Бесперстов А. «Бозгашти писар», Раҳимов А. «Симои аввалин гурӯҳи занҳои милитсияи тоҷик» ва дигар асарҳои санъати тасвирии тоҷик, ки бо маҳорати баланди бадеӣ эҷод шуда, доир ба шуҷоату мардонагии муҳофизони сарзамини аҷдодӣ қисса мекунанд, пешкаши тамошобинон гардиданд.
Осорхонаи миллӣ ба ифтихори 33–солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз 19 то 23 феврал 2200 нафар афсарону сарбозонро ба таври ройгон ба тамошои экспозитсия ва намоиши ҷашнии Осорхонаи миллӣ ҷалб намояд. Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ барои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҷиҳати шиносоии бештар бо таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик сайрҳо баргузор мегарданд.
Намоиши «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» то 3 март идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






