НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба 2147 шахси воқеию хуқуқӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт гардид
ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ба 2147 нафар шахсони хуқуқию воқеие, ки ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зарар расидааст, дар ҳаҷми 3 миллиону 353 ҳазору 9 сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт гардид. Аз ин ҳисоб 196,9 ҳазор сомонӣ ба шакли ҳатмии суғурта ва беш аз 3,1 миллион сомонӣ ба шакли ихтиёрии суғурта рост омад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Аз маблағи умумии пардохтшуда 1 миллиону 171 ҳазору 500 сомонӣ дар робита ба таъмини иҷрои супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2025, сарфи назар аз мавҷудияти шартномаи суғуртавӣ ба 588 оилаи аз заминларза зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод пардохт карда шуд», -гуфт директори корхона.
Иброз гардид, ки маблағи фоида ба афзун намудани сармояи оинномавии корхона равона карда мешавад, то ба боз ҳам устувор гардидани вазъи молиявии он мусоидат намояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст






