НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд

Февраль 11, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон аз афзоиши раванди пешниҳоди қарз аз ҷониби бонкҳои мамлакат ба мизоҷон иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки соли 2025 ҳаҷми қарзҳои додашуда 30 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли қаблӣ 22,1 фоиз зиёд мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба соҳаҳои истеъмолӣ 42,6 фоиз, савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ- 13,4 фоиз, кишоварзӣ- 11,8 фоиз, саноат- 8,3 фоиз, хизматрасонӣ- 7,1 фоиз, ипотека- 6,1 фоиз, сохтмон- 4,5 фоиз ва дигар соҳаҳо 6,2 фоиз рост меояд. Ҳамзамон аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 27,4 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, 8,2 миллиард сомониро ташкил дод.

Соли 2025 ба мизоҷон ба маблағи 22,0 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки нисбат ба соли 2024 23,5 фоиз зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки фоизи миёнавазни қарзҳо дар ҳамин давра бо пули миллӣ 22,6 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,7 фоизро ташкил дод.

Бақияи сандуқи қарзии маҷмуии ташкилоти қарзии молиявӣ дар интиҳои соли 2025 маблағи 26,1 миллиард сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба интиҳои соли 2024 ба маблағи 4,7 миллиард сомонӣ ё 22,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад