НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 64 донишгоҳу донишкадаи хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, бо зиёда аз 67 корхонаи саноатӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст, ки хатмкунандагон дар онҳо ба кор таъмин карда мешаванд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар донишкада як факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав, 4 озмоишгоҳи таълимӣ- таҳлилӣ таъсис дода шуд. Дар ин давра аз ҳисоби омӯзгорони донишкада 2 нафар рисолаи докторӣ ва 5 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.
«Имсол Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро 577 нафар хатм намуда, 70 нафарашон, ки ба тариқи буҷавӣ таҳсил менамуданд, дар 53 корхонаи саноатӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дар нақша аст, ки соли 2026 дар донишкада 14 ихтисоси нав таъсис дода шавад», — гуфт ректори донишкада.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






