НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе соҳиби ду таҷҳизоти лабораторӣ аз фанни физика гардид

Февраль 10, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби омӯзгорони Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе 1 монография, 4 китоби дарсӣ, 9 дастури методӣ, 9 мақола дар маҷаллаҳои таҷризшаванда (Scopus ва ВАК) ва 19 маводи конференсия ба чоп расида, омӯзгорони кафедраи электро-энергетика соҳиби 1 патент ва 2 шаҳодатномаи сабти барномаи компютерӣ гардиданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори филиал Сафаралӣ Гадоев ибрози назар намуд.

Сафаралӣ Гадоев иттилоъ дод, ки ҳоло дар филиал 341 донишҷӯ, аз ин 237 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 104 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. 69 донишҷӯ рисолаи хатмро муваффақона ҳимоя карда, аз ин 4 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд.

Иброз гардид, ки энергетика соҳаи муҳими иқтисодиёт ва заминаи рушди устувор буда, Тоҷикистон дорои имконияти бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Дар омодасозии мутахассисони соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» саҳми арзанда дорад.

«Дар доираи Стратегияи миллӣ оид ба рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, ки ҳадафи асосиаш қавӣ намудани пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳҳо ва муҷаҳҳаз кардани лабораторияҳо бо таҷҳизоти муосир мебошад, соли 2025 ду таҷҳизоти нави лабораторӣ барои фанни физика: ФЛ-ВМ «Таҳлили фотоэффекти беруна» ва ФЛ-0-ПЗ «Поляризатсияи равшанӣ» харид гардид. Хариди ин таҷҳизот имкон дод, ки корҳои лабораторӣ аз қисми «Оптика» барои фанни «Физика» пурра гардида, сифати корҳои озмоишӣ барои донишҷӯён хеле баланд шавад»,-гуфт Сафаралӣ Гадоев.

Таъкид шуд, ки филиал ҳар сол бо ташаббуси кафедраи «Электроэнергетика» таҳти унвони «Энергетикаи Тоҷикистон: истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, масъалаҳои мубрам ва роҳҳои ҳалли онҳо» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор мекунад.

Донишҷӯёни филиал дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дастовардҳои назаррас доранд. Дар олимпиадаи «Умеди энергетика» донишҷӯёни филиал дар байни якчанд донишгоҳи бонуфузи хориҷӣ соҳиби ҷойҳои 1,2,3 ва 4 шуда, дастаи филиал дар натиҷаи гурӯҳӣ ҷойи аввалро соҳиб гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд