НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба 10 миллиарду 740 миллион доллар расид
ДУШАНБЕ, 12.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон соли 2025 ба 10 миллиарду 740 миллион доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 (8 932,5 миллион доллар) 1 миллиарду 807,5 миллион доллар ё 20,2 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар ин давра ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 (6 992,3 миллион доллар) ба маблағи 1 миллиарду 303,3 миллион доллар ё 18,6 фоиз зиёд аст.
Соли 2025 аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи 2 миллиарду 444,4 миллион доллар маҳсулот содирот гардид, ки нисбат ба соли 2024 (1 940,1 миллион доллар) ба андозаи 504,3 миллион доллар ё 26,0 фоиз афзоиш ёфтааст.
Хуршед Каримзода афзуд, ки дар сохтори умумии гардиши мол ҳиссаи воридот 77,2 фоиз ва содирот 22,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар содироти молҳои ватанӣ вазни қиёсии асосиро маъданҳо ва консентратҳо — 25,3 фоиз ё ин ки 618,0 миллион доллар, сурма ва маҳсулоти он — 20,5 фоиз ё ин ки 450,0 миллион доллар, алюминийи коркарднашуда — 8,5 фоиз ё ин ки 207,8 миллион доллар, нахи пахта — 5,8 фоиз ё ин ки 142,1 миллион доллар, қувваи барқ — 4,0% ё ин ки 97,7 миллион доллар, маҳсулоти меваю сабзавот — 3,1 фоиз ё ин ки 76,1 миллион доллар, ресмони пахтагӣ — 1,0 фоиз ё ин ки 25,0 миллион доллар, семент — 0,7 фоиз ё 16,1 миллион доллар ва пӯст — 0,1 фоиз ё ин ки 2,5 миллион доллар ташкил медиҳанд.
Нисбат ба соли 2024 содироти мол ба кишварҳои Ҳолланд ба маблағи 294,4 миллион доллар, Русия- 144,4 миллион доллар, Чин- 114,4 миллион доллар, Узбекистон- 87,0 миллион доллар, Белгия- 78,8 миллион доллар, Беларус- 1,8 миллион доллар, Қирғизистон- 8,5 миллион доллар афзоиш ёфта, ба давлатҳои Қазоқистон 112,3 миллион доллар, Туркия- 24,8 миллион доллар, Покистон- 5,2 миллион доллар, Аморати Муттаҳидаи Арабӣ- 3,3 миллион доллар ва Эрон 1,7 миллион доллар коҳиш ёфтааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






