НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ ошкор карда шуд

Февраль 6, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он дар якчанд субъекти хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронид. Дар натиҷаи санҷишҳо ба маблағи 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ қонунвайронкунии зиддиинҳисорӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ гузаронида шуд. Дар ин хусус имрӯз сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаралӣ Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Иттилоъ дода шуд, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ мониторинги 20 номгӯй мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро, ки  нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд, дар бозори берунӣ ва дохилии ҷумҳурӣ гузаронида, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзёбӣ менамояд. Аксари номгӯй ё ашёи хоме, ки аз хориҷи ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд, сабаби болоравии нархи онҳо дар бозори мамлакат мегарданд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки соли 2025  70 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ вобаста ба ҷой доштани рақобати бевиҷдонона бо роҳи инфиродкунонии истифодаи моликияти зеҳнӣ дар бозори ҳудуди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қарор, амрнома ва фармоишҳои хадамот оид ба бартараф ва қатъ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо қабул карда шуданд.

«Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи ваколатҳояш фаъолиятро дар самти рушди соҳибкорӣ ва рақобат, инчунин пешбурди сиёсати зиддиинҳисорӣ тақвият бахшида, якҷо бо дигар мақомоти давлатӣ барои муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозори мамлакат ва пешгирии ҳолатҳои беасос баланд кардани он мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд»,-гуфт Ҳайдаралӣ Раҷабзода.

 Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд