НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи ҳисоб беш аз 710 миллион сомонӣ вайронкунии низоми молиявиро ошкор намуд

Февраль 11, 2026 10:42

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Аз ҷониби аудиторони Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳо 188 чорабинии аудиторӣ гузаронида шуда, ҳамчун вайронкунии низоми молиявӣ 710,6 миллион сомонӣ вобаста ба ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ, 352,6 миллион сомонӣ дар самти пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, 14,8 миллион сомонӣ дар самти идоракунии моликияти давлатӣ, 37,5 миллион сомонӣ дар соҳаи сохтмон ва 1,1 миллион сомонӣ дигар қоидавайронкуниҳо муайян карда шуданд», — иброз дошт Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ба суратҳисобҳои «Маблағҳои зарару камомад ва тасарруф» 151,2 миллион сомонӣ ё нисбат ба соли 2024 72,5 миллион сомонӣ зиёд, дигар суратҳисобҳои дахлдори буҷети давлатӣ 307,8 миллион сомонӣ ва ба корхонаҳо 297,2 миллион сомонӣ барқарор гардид, ки 67,7 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳад.

Ҷамшед Каримзода гуфт, ки дар Палатаи ҳисоб ислоҳоти соҳавӣ идома дошта, соли 2025 дар доираи он маҳз барои аз байн бурдани духӯрагиҳо дар мафҳуми зарари молиявӣ, шаффофияти омори расмӣ, пешгирии такрорёбии рақамҳои беасос дар ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатӣ ва аз натиҷаи чорабиниҳои назоратию санҷишӣ санади меъёрии «Таснифи вайронкунии қоидаҳои молиявӣ» таҳия ва мавриди амал қарор дода шуд.

Гуфта шуд, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои аудиторӣ дар 19 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 19,4 миллион сомонӣ қоидавайронкуниҳои молиявӣ муайян ва барқарор карда шуданд. Тибқи нақшаи корӣ дар 46 субъекти хоҷагидории давлатӣ чорабиниҳои аудиторӣ гузаронида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 240,7 миллион сомонӣ муайян гардид ва аз он ба қадри 150 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.

Аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 63 мавод ба маблағи 68,8 миллион сомонӣ барои чораҷӯӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ба Прокуратураи генералӣ 33 мавод ба маблағи 43,3 миллион сомонӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 26 мавод ба маблағи 24,8 миллион сомонӣ ва ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 4 мавод ба маблағи 624,8 ҳазор сомонӣ ирсол гардид.

Барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 36 хулоса ва мактубҳои хабарӣ бо 1540 тавсияи судманд ирсол карда шуд. Аз баррасии онҳо 44 қарору фармон қабул гардида, 222 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ кашида шуданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2026 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд