НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолсозии 12 ихтисоси нав иҷозатнома гирифт
ДУШАНБЕ, 09.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фаъолсозии 12 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Аз ҷумла, ихтисоси моделиронии математикӣ, технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ, зеҳни сунъӣ, системаҳои иттилоотӣ ва технология, таърих (ихтисоси нав), забони хориҷӣ (бо нишон додани забони таҳсил), иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна, молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди берунӣ, геология (сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва нақбҳо), хадамоти гумрукӣ, сиёсат ва робита бо ҷомеа, таъмини ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия иҷозат дода шуд, ки дорои хусусияти замонавӣ, рақобатпазир ва дорои зарфияти баланд дар бозори меҳнат мебошанд», -афзуд Эмомалӣ Насриддинзода.
Ба иттилои ректори донишгоҳ, ин дастовард ба рушду инкишофи имконияти илмию таълимӣ, ҷавобгӯ сохтани низоми таҳсил ба талаботи муосир ва бозори меҳнати ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ соли 2025 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи факултети тиббӣ факултети стоматология кушода шуд. «Ифтитоҳи ин факултет барои омода намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи стоматология ва қонеъ гардонидани ниёзҳои аҳолӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ мусоидат менамояд. Вобаста ба таъсиси факултети нав дар заминаи кафедраҳои стоматологияи муолиҷавӣ ва кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй 2 кафедраи нав: кафедраи стоматологияи ортопедӣ ва кафедраи ҷарроҳии ҷоғу рӯй таъсис дода шуданд, ки миқдори умумии кафедраҳо дар донишгоҳ ба 128 адад расид», -иброз намуд ректори донишгоҳ.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд






