НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба соҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон 57,1 миллиард сомонӣ равона карда шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар сатҳи 113,2 фоиз таъмин карда шуда, ба буҷет зиёда аз 60,3 миллиард сомонӣ ворид гардид. Дар ин хусус 13 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода маълумот дод.
Ба иттилои Файзиддин Қаҳҳорзода, соли 2025 хароҷоти буҷети давлатӣ дар доираи нақшаи пешбинигардида ва даромадҳои воқеии буҷет амалӣ карда шуда, ба соҳаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 57,1 миллиард сомонӣ равона гардид. Аз ҷумла, ба соҳаҳои маориф 11,3 миллиард сомонӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ- 10,9 миллиард сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ- 7,1 миллиард сомонӣ, тандурустӣ- 4,3 миллиард сомонӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ- 3,3 миллиард сомонӣ, нақлиёт- 2,7 миллиард сомонӣ, фарҳангу варзиш- 2,5 миллиард сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ- 2,5 миллиард сомонӣ, кишоварзӣ- 1,3 миллиард сомонӣ, саноат ва сохтмон- 386,1 миллион сомонӣ равона карда шуд.
Аз ҳаҷми умумии ин маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ 25,3 миллиард сомонӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт 17,9 миллиард сомонӣ ва ба дигар соҳаҳо 13,9 миллиард сомонӣ рост меояд.
Инчунин иброз гардид, ки барои таъмини фаъолияти сиёсати берунаи ҷумҳурӣ 382,2 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷи мамлакат 291,9 миллион сомонӣ ва барои ҳаққи узвияти ҷумҳурӣ дар созмонҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ 90,3 миллион сомонӣ пардохт гардид.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






