НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 суръати рушди иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон 8,4 фоизро ташкил дод

Февраль 11, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон 176,9 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод. Суръати рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,1 фоиз, кишоварзӣ- 9,5 фоиз, гардиши савдо- 13,9 фоиз, мусофиркашонӣ- 10,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ- 13,2 фоиз, боркашонӣ- 15,2 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ- 23 фоиз таъмин гардид. Дар ин хусус 11 феврал Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Соли 2025 дар соҳаи саноат барои ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидори нав, истифодаи пурраи иқтидори истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойи нави кор тадбирҳо андешида шуданд.

Соли 2025 дар мамлакат 396 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо 2422 ҷойи нави кор мавриди истифода қарор дода шуд. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 66,7 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 22,1 фоизро ташкил дод.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, вусъати кишту кор ва истифодаи самараноки заминҳо дар соҳаи кишоварзӣ чораҳои дахлдор амалӣ гардиданд. Дар натиҷа дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 84,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 9,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад