НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 музди маоши кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар 10 фоиз баланд бардошта мешавад

Февраль 3, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори олимону омӯзгорон дар ҷомеа ва бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии онҳо аз моҳи сентябри соли 2026 музди маоши кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ 10 фоиз баланд бардошта мешавад. Дар ин хусус 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори ин донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзода иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки соли 2025 46 нафар омузгорони донишгоҳ муваффақона рисолаи номзадию докторӣ дифоъ намуданд. Ин нишондиҳанда соли 2024 ба 28 нафар баробар буд. Агар соли 2024 дар донишгоҳ 208 омузгори дорои дараҷаи илмӣ фаъолият карда бошад, пас соли 2025 шумораи онҳо ба 239 нафар расид.

Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи раддабандии Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф соли 2025 Донишгоҳи давлатии Бохтар дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба даҳгонаи аввали мактабҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дохил гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Февраль 3, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид