Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид намуданд, ки қонунияти бунёди давлати миллии муосир тақозо мекунад, ки ҳам арзишҳои исломӣ, ҳам расму ойин ва суннату анъанаҳои миллӣ бояд дар тақвияти суботу оромӣ ва осоишу саодати мардуми Тоҷикистон қарор дошта бошанд.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки имсолро мо ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ – 35-солагии соҳибистиқлолии давлатамон Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намудем. Ин соли пурифтихор барои ҳар фарди ҷомеа имкониятест, ки бо заҳмату амали созанда дар пешрафти давлат ва шукуфоиву ободии Ватани маҳбубамон саҳм гузорад. Ҳамчунин таъкид доштанд, ки ба ин васила мо на танҳо ҷашни бузурги соҳибистиқлолиро таҷлил менамоем, балки ояндаи дурахшони мамлакатро низ барои наслҳои баъдӣ бунёд мекунем.
Пешвои миллит дар робита ба садақаи ҷория чунин иброз намуданд: «Дар хотир бояд дошт, ки корҳои ободонӣ, аз ҷумла бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистонҳо ба садақаи ҷория дохил мешаванд ва тибқи таълимоти дини мубини ислом, барои анҷомдиҳандааш савобу самараи зиёде фароҳам месозанд».
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳар шаҳрванди мамлакат метавонад як кори нек анҷом диҳад, як гӯшаи диёрро обод созад ва ҳисси ватандӯстию ифтихор аз ватанро дар амал нишон диҳад.
Пешвои миллат дар паёми шодбошӣ миннатдории самимии худро ба мардуми шарифи мамлакат, хусусан соҳибкорону шахсони саховатпеша, ки дар чунин корҳои хайру савоб саҳм гузошта, ҳазорҳо иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ, аз ҷумла роҳу пул ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ бунёд карда истодаанд, баён намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






