Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар муроҷиатномааш тамоми сокинони вилояти Хатлонро даъват намудааст, ки дар мубориза бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор, ҳабҳои сахттаъсири экстазӣ, синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ бетараф набошанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Дар муроҷиатнома, аз ҷумла омадааст, ки «имрӯзҳо паҳн гардидани ҳабҳои экстазӣ, синтетикӣ ва дигар воситаҳои мадҳушкунандаи психотропӣ ба хатари ҷиддии ҷомеа табдил ёфтааст. Ин маводи заҳрогин, пеш аз ҳама, ҷавонон ва наврасонро ҳадаф қарор дода, орзуҳо, саломатӣ ва ояндаи онҳоро нобуд месозад. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо сарнавишти як нафар, балки амнияти оила ва ҷомеаро зери хатар мегузорад».
Мақомоти милитсия таъкид менамояд, ки мубориза бо ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир танҳо бо талоши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имконпазир набуда, иштироки фаъоли ҳар шаҳрвандро талаб менамояд. Бетарафӣ нисбат ба чунин ҷиноятҳо метавонад боиси оқибатҳои вазнини иҷтимоӣ гардад.
Дар муроҷиатнома ҳамзамон омадааст, ки мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо хомӯшӣ ва бетарафии атрофиён боис мегардад, ки ин амали хатарнок реша давонад. Бо ин мақсад Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон таъкид менамояд, ки бетарафӣ ҷиноят аст, зеро ҳар наврасу ҷавоне, ки имрӯз ба роҳи нашъамандӣ меравад, метавонад фарзанди мо, ҳамсояи мо ё ояндаи аздастрафтаи ҷомеа бошад.
Милитсияи Хатлон махсусан ба падару модарон, омӯзгорон, калонсолон ва аҳли ҷомеа муроҷиат намудааст, ки нисбат ба тақдири ояндаи фарзандон бетараф набошанд.
Бо назардошт ва муҳимияти ҳифзи солимии ҷомеа ва хонаводаҳо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ҳама шаҳрвандонро даъват намудааст, ки:
-дар ҳолати дастрас гардидани маълумот оид ба нигоҳдорӣ, истифода ё паҳншавии воситаҳои нашъадор, ҳабҳои экстазӣ, синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ, ҳамчунин доир ба фаъолияти ғайриқонунии паҳнкунандагони он фавран ба мақомоти милитсия хабар диҳанд;
— дар зеҳну тафаккури ҷавонон ҳисси масъулиятшиносӣ, худогоҳӣ ва нафрат нисбат ба маводи мухаддирро ташаккул диҳанд;
— нисбат ба ҳар далели шубҳанок хомӯш ва бетараф набошанд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон кафолат медиҳад, ки ҳар муроҷиат ба таври ҷиддӣ баррасӣ гардида, махфияти шахсияти мусоидаткунанда пурра таъмин карда мешавад.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид






