Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 23.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти корхонаҳои роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон дар бораи густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва рушди долонҳои нақлиётӣ, ки Осиёи Марказиро бо бозорҳои ҷаҳонӣ мепайванданд, ба мувофиқа расиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ дар Душанбе бо Раиси Ҷамъияти саҳомии «НК Қазоқ темир жолы» («Роҳи оҳани Қазоқистон») Талгат Алдибергенов мулоқот намуд, ки зимни он дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии «НК Қазоқ темир жолы» ба муносибатҳои бисёрсолаи шарикӣ асос ёфта, ба таъмини алоқаи бефосилаи нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон равона карда шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот Протоколи дуҷониба дар бораи натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2026 ба имзо расид.
Инчунин иброз гардид, ки Қазоқистон давоми солҳои зиёд пайваста ба «сегонаи» бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон дохил аст. Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 1,19 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан байни ду давлат 15,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 5,9 миллион тонна расид.
Тоҷикистон аз Қазоқистон асосан гандум, ҷав, равған, маҳсулоти нафтӣ, фулузот, нуриҳои минералӣ ворид карда, ба ин кишвар пахта, алюминий ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда, инчунин меваю сабзавот содир мекунад. Интизор меравад, ки афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва ташаккули хатсайрҳои самараноки нақлиётӣ ба ҳамкории иқтисодии байни кишварҳо такони иловагӣ мебахшад.
Роҳбарони маъмурияти роҳи оҳани ду давлат ба мувофиқа расиданд, ки корҳоро оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии хатсайрҳои роҳи оҳан, таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар минтақа, ҳамгироии минбаъдаи равандҳои логистикӣ, рақамисозии ҳуҷҷатҳо ва рушди якҷояи долонҳои нақлиётӣ, ки Осиёи Марказиро бо бозорҳои ҷаҳонӣ мепайванданд, идома медиҳанд.
Раиси Ҷамъияти саҳомии «НК Қазоқ темир жолы» дар доираи сафар ба Тоҷикистон бо муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода ва Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот намуд. Зимни он ҷанбаҳои асосии таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ба таври муфассал баррасӣ ва самтҳои стратегии рушди иқтидори транзитӣ-логистикии ду давлат муайян гардиданд. Инчунин ба таъсиси долонҳои самараноки нақлиётӣ ва афзоиши ҳаҷми боркашонӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






