Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар шаҳри Вена мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Манучеҳр Ҷобир бо ноиби калони Президенти «Andritz Hydro GmbH» Александр Шваб ва ноиби Президент оид ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Норберт Швартс баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ва «Andritz Hydro GmbH» мубодилаи афкор намуданд.
«Andritz Hydro GmbH» — ширкати бузурги австриягӣ буда, дар соҳаи энергетикаи обӣ фаъолият мекунад. Ширкат ба тарҳрезӣ, истеҳсол ва таъминоти таҷҳизот барои неругоҳҳои барқи обӣ ихтисос дорад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






